2 Июн 2020 - 11:11
Беҳбудии беш аз 121 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: то кунун 121 ҳазору чор нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур раиси равобити маркази умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омопри мубталоён ба вируси корона дар кишвар тасреҳ кард: дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 979 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд: аз байни мубталоёни ҷадид, 652 мавриди бистарӣ ва 2327 бемор ба сурати сарпоӣ хидматрасонӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 154 ҳазору 445 нафар расид.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 81 бемор дар 24 соати гузашта, гуфт: фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба 7 ҳазору 878 нафар расидааст.